1-уми сентябри соли 2019 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ширкат кард ва аз дарси сулҳ гуфт. Имсол ӯ дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин дарс ширкат карда, бинои маъмурию таълимӣ, меҳмонхона ва хобгоҳи замонавии ин донишкадаро ба истифода дод.

Бинои Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Эмомалӣ Раҳмон соли 2013 оғоз гардида, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Иншооти таълимии 12-ошёна аз 2 қисм маъмурию таълимӣ ва хобгоҳ иборат аст. Он барои 1320 нафар донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Меҳмонхона ва хобгоҳи замонавӣ аз 65 ҳуҷраи люкс ва нимлюкси дорои 1 ва 2 ҷойи хоб иборат буда, бо муосиртарин таҷҳизот, аз ҷумла яхдон, телевизор, мошинаҳои ҷомашӯйӣ ва дарзмолкунӣ, катҳои хоби якнафараю дунафара муҷаҳҳаз гардонда шуда, барои шунавандагони курсҳои азнавтайёркуни ва такмили ихтисос, магистрантону донишҷӯён пешбинӣ гардидааст.

Дар ошёнаи якуми бинои маъмурию таълимӣ ошхона бо 200 ҷой, утоқҳои кории раёсати кадрҳо, муҳосибот, қисми хоҷагӣ, бунгоҳи тиббӣ ва ҳуҷраи муҳофизон ҷой гирифтаанд.

Дар ошёнаи дуюми бино китобхона барои 50 ҷойи нишаст ва дорои имконияти нигоҳдории зиёда аз 20 ҳазор китоби илмӣ, таълимию методӣ, бадеӣ ва дигар маводи нашрӣ, синфхонаҳои компютерӣ бо технологияи муосири иттилоотӣ, инчунин китобхонаи электронӣ бо теъдоди зиёда аз 130 ҳазор китобҳои электронӣ, утоқҳои кории муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти зарурии раванди таълим, толори варзишӣ барои бозиҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол ҷойгир шудааст.

Дар ошёнаи дуюми бинои маъмурию таълимӣ “Маркази тавонбахшӣ ва омӯзиши шахсони имконияташон маҳдуд” фаъолият менамояд. Донишкада таҷҳизот ва маводи таълимиро барои муассисаҳои марбут ба кор бо шахсони имконияташон маҳдуд дастрас менамояд.

Дар ошёнаи сеюм утоқҳои кории ректор, муовинони ректор, бойгонӣ, маҷлисгоҳ барои 70 ҷойи нишаст ва утоқҳои кории шуъба, толори Шӯрои олимон ва кафедраҳо мавҷуданд.

Дар ошёнаи 4-уми қисми таълимии бино 2 толори маҷлис мутаносибан ҳар кадоме барои 77 ҷойи нишаст, 2 синфхона, бойгонӣ, утоқҳои раёсати таълим, садорати факултети азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ҷойгиранд.

Дар ошёнаи 5-ум қисми маъмурию таълимии бино 3 синфхона, толори калони барҳаво барои 200 ҷойи нишаст, дар ошёнаҳои аз 7 то 9-уми қисми таълимии бино факултети муносибатҳои байналмилалӣ қарор дошта, дар он 3 толори лексионӣ, 10 синфхона, 3 синфхонаи лингофонӣ ва забономӯзии дорои 450 ҷойи нишаст, кафедраҳо, 8 ҳуҷра барои ҳайати устодону кормандони факултет ва ҳуҷраҳои ёрирасон ҷой гирифтаанд.

Ҳамзамон, дар ошёнаҳои аз 10 то 12-и қисми таълимии бино факултети идоракунии давлатии Донишкада бо 18 синфхона, толори лексионӣ, 3 синфхона барои машғулиятҳои гурӯҳӣ дар маҷмуъ аз 570 ҷойи нишаст иборат мебошад.

Дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ дар айни замон 1214 нафар дар бакалавриат, 277 нафар дар магистратура, 737 нафар дар таҳсилоти дуюм, 339 нафар дар таҳсилоти фосилавӣ ва дар маҷмуъ 2 567 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. То имрӯз магистратураро зиёда аз 620 нафар хизматчии давлатӣ хатм кардаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here