Дар шаҳри Сахалини Федератсияи Русия намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои зимистонаи «Кӯдакони Осиё» иштирок карданд.

Бино ба иттилои Маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, санаи 12-уми феврал Ҷаҳонгир Аҳёзода ва Зикруллои Шамсулулло дар мусобиқаи мазкур ширкат варзиданд. Ҷаҳонгир Аҳёзода бо натиҷаи 1 соату 54 дақиқаву 82 сония ҷои 23 ва Зикруллои Шамсулло ба натиҷаи 1 соату 59 дақиқаву 42 сония ҷои 24-ро ишғол карданд.

Дар маҷмӯъ, дар лижаронии куҳӣ 49 варзишгар аз кишварҳои ҷаҳон ширкат кардаанд.

Ҷои аввалро варзишгари рус Глеб Фёдоров, ҷои дуюмро варзишгари  Ҷопон Рёма Катаяма ва ҷои сеюмро Олег Фураев аз Русия ишғол карданд.

Гуфта мешавад, ки 15-уми феврал варзишгарони тоҷик дар лижаронии куҳӣ иштирок хоҳанд кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here