Аз 14 то 18 октябри соли 2018 дар шаҳри Женеваи Швейтсария Ассамблеяи 139-и Иттиҳоди Байнипарламентӣ ва ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 20-солагии таъсисёбии гурӯҳи геополитикии «Евразия»-и он баргузор мегардад, ки дар чорабиниҳои мазкур Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро узви гурӯҳи миллии парламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Байнипарламентӣ, узви Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба илм ва маориф ва узви Кумитаи сеюми Иттиҳоди Байнипарламентӣ оид ба демократия ва ҳуқуқҳои инсон Наргис Раҳмонова намояндагӣ мекунад.
Дар ин бора қарори дахлдори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст, хабар медиҳад ёвари раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма Наврӯз Қурбонзода.
24-28 марти соли 2018 дар шаҳри Женева Ассамблеяи 138-уми Иттиҳоди Байнипарламентӣ бо иштироки бештар аз 740 нафар намояндаи парламентҳо аз 137 кишвари олам баргузор гардида, давоми чор рӯз парламентарҳо масъалаи ҳифзи ҳимояи ҳуқуқҳои гурезагон ва муҳоҷиронро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар кори Ассамблея узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмонова Наргис аз ҳисоби гурӯҳи геополитикии „Евразия“ ба ҳайати Кумитаи сеюми Иттиҳоди Байнипарламентӣ оид ба демократия ва ҳуқуқҳои инсон пешниҳод ва интихоб гардид.
Иттиҳоди Байнипарламентӣ ҳамчун созмони ҷаҳонии муттаҳидкунандаи парламентҳои кишварҳои мустақил шинохта шуда, занон-парламентарҳо баёнгари сиёсати одилонаи гендерӣ дар ин созмони бонуфуз мақоми хоса доранд, ки узвияти аъзои Маҷлиси миллӣ Раҳмонова Наргис собитгари ин гуфтаҳо мебошад.