Дар минтақаҳои Русия аввалин маротиба шиносномаҳои зиддикоронавирусӣ пайдо шудаанд. Оид ба ин масъала роҳбари  Бошқирдистон Радий Хабиров хабар додааст.

Шиносномаҳоро шаҳрвандоне, ки аз коронавирус сироят ёфтаанд, хоҳанд гирифт, аммо озмоишҳои подтании онҳо бояд натиҷаи мусбатро нишон диҳад. Дорандагони шиносномаҳои зиддикоронавирусӣ соҳиби баъзе имтиёзҳо, ба монанди тахфиф дар мағозаҳо, мешаванд.

Бино ба гуфтаи Хабиров, чунин шиносномаро аз 18-уми январ тавассути портали хадамоти давлатӣ додан мумкин аст. Ҳуҷҷат соҳиби шакли электронии QR-рамз буда, онро дар замимаи мобилӣ насб хоҳанд кард.

Шиносномаҳои мазкур ба он шаҳрвандоне дода мешаванд, ки гирифтори ин беморӣ гаштаанд. Дар баробари ин, онро шахсоне низ хоҳанд гирифт, ки аз эмгузаронӣ гузашта буданд.

Ҳамин тариқ, мақомоти Бошқирдистон ният доранд, ки шумораи зиёди сокинони ҷумҳуриро ба эмгузаронии зидди коронавирус ҷалб кунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар охири соли 2020 муовини роҳбари Палатаи ҷамъиятии вилояти Ленинград Владимир Петров ба Вазорати тандурустии Русия лоиҳаеро барои ворид кардани саҳифаҳои тиббӣ дар шиноснома пешниҳод карда буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here