Рӯноманигор ва собиқ сармуҳаррири радиои “Дунё Fm”-и шаҳри Истаравшан, аз болои муассис ва роҳбарияти радиои мазкур ба суди ин шаҳр шикоят бурдааст.

Сабаби шикояташро хонум Маҳина Атоева дар муносибати тунди роҳбар,  поймол шудани ҳуқуқаш аз ҷониби муассиси радиои “Дунё Fm” ва барқарор кардани адолат шарҳ медиҳад.

Ӯ афзуд, аз аввали таъсисёбии радио сармуҳаррир ва то ин замон корро пеш мебурдааст. Ахиран як моҳ пеш муассиси радио Назир Турсунов ӯро аз кор озод кардааст.

Ба иттилои Атоева гӯё муассис ва роҳбари радиои мазкур ӯро гуфтааст, ки дигар танҳо як рӯз ба ӯ барои баромадан ба эфир иҷозат медиҳад, вале маош нахоҳад дод. Агар ба ин розӣ аст, кор кунад.

«Вале ман розӣ нашудам, як моҳ вақт додам, то шояд вазъ ислоҳу роҳбарият хатояшро фаҳмад, аммо нашуд. Аз ин рӯ барои рӯёнидани маош ва ба  ҷои корам барқарор намудан ба додгоҳ шикоят бурдам», —  гуфт Маҳина Атоева.

Дар ҳамин ҳол муассиси радио Назир Турсунов дар як сӯҳбати телефонӣ гуфт, ки «ӯро аз кор нагирифтаам, танҳо, барои он ки чанд муддат бе иҷозат ба кор намеомаду ба дигар шаҳро аз пайи кори худаш мерафт, гуфтам, агар серкор ҳастӣ, туро аз вазифаи сармуҳаррир мегираму Бобозодаро ба ин вазифа таъйин мекунам ва ту муовини ӯ мешавӣ».

Дар шаҳри Истаравшан ду радио — «Дунё Fm» ва «Авис+» фаъолият доранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here