Мақомоти қудратии Ҷумҳурии Туркманистон аз аввали сол тасмими худро дар бобати манъи рондани мошин аз ҷониби занон қатъӣ кардааст. Дар баробари ин фаъолияти фолбинҳоу ҷодугарзанонро таҳти фишор ва ҷаримабандӣ қарор додаанд. 

Дар ин бора сомонаи “Хроники Туркманистана” хабар дода, чанде аз тасмимҳои ногаҳонии мақомоти Турманистонро интишор кардааст.

Тавре аз гузориши манбаъ бармеояд, аз аввалҳои соли ҷорӣ  кормандони полис фолбинҳоро, ки дар байни мардум бо номи “палчӣ” машҳуранд, дастгиру ба андозаи 100 манат, ки мубодилаи қурби расмӣ 28,5 доллар ва тибқи қурби бозори сиёҳ ҳудуди 10 доллар, ҷарима мебанданд.

“Палчӣ”-ҳо маъмулан ба фолкушоӣ, ҷодугарӣ, гарму хунук кардан ва дигар амалҳое, ки ба касби ин ашхос рабт медиҳанд, машғуланд.

Ҳоло дар Турманистон нозирони роҳ мошини занонро ба майдони ҷарима мебаранду аз онҳо барои дигар нарондани нақлиёт забонхат мегирифтанд ва ин тасмим нисбатан ҷиддӣ қабул шудааст. Гуфта мешавад, ки дар Турманистон ягон қарори расмӣ дар бобати манъи ронандагӣ барои занон нашр нашудааст, аммо аз тасмимҳои ногаҳониву ғайриинтизории мақомоти кишвар хулоса кардан мумкин аст, ки дигар рондани мошин барои занон дар Турманистон амри маҳол аст.

Дар баробари ин бояд қайд кард, ки истифодабарии мошинҳои рангашон сиёҳ низ имрӯз мавриди бозпурсӣ ва манъи рондани чунин нақлиёт барои шаҳрвандони Турманистон гаштааст. Барои амалӣ кардани тасмими зайл мақомот шуруъ аз пойтахти кишвар шаҳри Ишқобод манъи рондани нақлиёти рангашон сиёҳро оғоз кард. Кормандони пулис мошинҳои рангашон сиёҳро дар роҳ манъ карда, онҳоро ба майдонҳои ҷаримавӣ мебаранд ва ба соҳибони мошинҳо мефаҳмонанд, ки ранги мошинашонро иваз кунанд, вагарна аз ҳуқуқи рондани он маҳрум мешаванд.

Тасмимҳои тааҷҷубовари ду ҳафтаи ахирро ба президенти Турманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов рабт медиҳанд, ки ӯ бештар мошинҳои рангашон нуқра ва сафедро меписандидааст. Дар даврони роҳбариятии қаблии Турманистон Сафармурод Ниёзов низ баъзе тасмимҳои ҳайратовар ҷорӣ мешуд. Чунончӣ, ӯ вуруди мошинҳои тамғаи “Mercedes-Benz”-ро ба кишвар манъ карда буд. Мошинҳои тамғаи мазкурро дар он давра танҳо дар парки мошинҳои худи Ниёзов дидан мумкин буд, ки бо номи “Туркманбошӣ” машҳур буд.

Дар бобати тасмими манъи рондани мошинҳо барои бонувонро низ худи Бердимуҳаммадов ба вазири корҳои дохилии Туркманистон Исгендар Муликов додааст.

Турманистон яке аз кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодиёт пешрафтаи мамолики Осиёи Марказӣ дар ду соли охир бо тасмимҳои ногаҳониву зери по кардани ҳуқуқҳои шаҳрвандонаш ба қадре нуфузи худро дар минтақа аз даст додааст. Чунончӣ, то охирҳои соли 2017 дар Туркманистон барои истифодаи об, газ ва барқ мардум андоз намесупориданд, аммо ин иқдом низ маҳдуд карда шуда, минбаъд шаҳрвандони кишвар аз истифодаи ин захираҳо андоз месупоранд. Дар баробари ин таҳсил барои донишҷӯён дар Туркманистон хеле гарон аст, ки исботи гуфтаҳо соли ҷорӣ омадани зиёда аз 600 нафар толибилмон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон мебошад. Барои туркмандухтарон бошад издивоҷ бо ғайримиллӣ манъ аст.

Нуралӣ Карим

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here