Моҳи марти соли равон шуморе аз сокинони минтақаҳои Тоҷикистон ва ҳатто бархе аз аҳолии шаҳри Душанбе аз норасоии нерӯи барқ танқисӣ мекашанд. Хомӯш кардани нерӯи барқ бештар дар рустоҳо ба мушоҳида мерасад.

Ба ҳамин минвол як гурӯҳ сокинони нохияи Рӯдакӣ аз норасоӣ ва набудани нерӯи барқ арзу шикоят доранд. “Агар якчанд рӯз пеш қувваи барқро барои гузаронидани чораҳои профилактикӣ танҳо шабонарӯзи хомӯш мекарданд, аммо ҳоло дар давоми рӯз хомӯш мекунанд”-зикр карданд, сокинони ноҳия.

ШСХК «Барқи Тоҷик», таъминкунандагони асосии нерӯи барқ, сохторҳои маҳаллии он дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудияти нерӯи барқро рад намуданд, аммо фаҳмонда наметавонанд, чаро дар  фасли зимистон “барқ” буд, ҳоло нест. Инчунин, намояндагони ширкати энергетикии давлатӣ аз додани посух ба ин саволҳо худдори кардаанд.

Аз ШСХК «Барқи Тоҷик» гуфтанд, ки корҳои профилактикӣ то 15-уми март идома меёбанд.

Нигора Саидбекова

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here