Заъфи ду дастаи тоҷикии иштирокчии Ҷоми КФО-2019 дар бозиҳои сафарӣ маълум шуд. «Истиқлол»-у «Хуҷанд» дар даври чоруми марҳилаи гуруҳии ин мусобиқа бо шикаст мувоҷеҳ шуданд.
Даври чоруми марҳилаи гуруҳии Ҷоми КФО-2019 барои дастаҳои тоҷикӣ нобарор анҷом ёфт. «Истиқлол», ба гуфтаи сармураббиаш Ҳаким Фузайлов, бо ду иштибоҳи кӯдакона бозиеро, ки бо натиҷаи 1:0 дар пеш буд, бохт. Дастаи «Дордой»-и Қирғизистон тавонист, ки маҳорат нишон диҳад ва ду голи ҷавобӣ зада, пирӯз гардад.
«Хуҷанд» ҳам, ба гуфтаи сармураббиаш Виталий Левченко, метавонист, ки бо «Олтин Асир»-и Турманистон мусовӣ бозӣ кунад, аммо «бахт омад накард». Дастаи туруманӣ, ки соли гузашта дар финали ин мусобиқа бозӣ карда буд, бо ҳисоби камтарини 1:0 «Хуҷанд»-ро шикаст дод.
Мубориза барои ҷойи якум дар ин гуруҳ шиддат ёфт. Баъд аз чор давр «Истиқлол» бо 7 имтиёз дар ҷойи аввал аст. «Олтин Асир» баъди ин ғалаба соҳиби 6 хол шуд ва ба зинаи дуюм баромад. Зинаҳои сеюму чорум бо чоримтиёзӣ дар дастаи «Хуҷанд»-у «Дордой» аст.
Акнун тақдири роҳхат дар ду даври охир ҳал хоҳад шуд. Дар даври панҷум, 19-уми июн, «Хуҷанд» дар майдони худ «Истиқлол»-ро қабул мекунад ва «Олтин Асир» дар Ашқобод бо «Дордой» қувва месанҷад.
Даври охир, 26-уми июн дар назар аст. «Истиқлол» дар Душанбе бо «Олтин Асир» ва «Хуҷанд» дар Бишкек бо «Дордой» бозӣ мекунанд.
Танҳо дастаи ҷойи аввали гуруҳ ба даври дигар роҳхат мегирад.