Дастаи мунтахаби ҷавонони футболбози Тоҷикистон (U-19) дар даври чорякфинали Чемпионати Осиё-2018 дар кишвари Индонезӣ аз дастаи ҳамсолони худ аз Кореяи Ҷанубӣ шикаст хӯрданд.

Шогирдони Мубин Эргашев натавонистанд, ки ба даври нимниҳоии Чемпионати Осиё ва ҳамин тавр ба даври финалии Чемпионати ҷаҳон-2019 байни футболбозони то 20-сола роҳҳат гиранд.

Кореяи Ҷанубӣ дар қисми якум аз як фурсати муносиб истифода карда ба дарвозаи Шоҳрух Қирғизбоев гол зад ва ин голи ягонаи ин бозӣ буд, ки ҳарифонро ба даври дигар бурд.

Ҷавонони тоҷик дар марҳилаи гуруҳии ЧО-2018 бо дастаҳои Чин (1:0), Малайзия (2:2) ва Арабистони Саудӣ (1:3) бозӣ карданд ва бо 4 имтиёз аз ҷойи дуюм ба даври чорякфинал баромада буданд.

Дастаҳои Ҷопон, Қатар ва Кореяи Ҷанубӣ ба нифинали ЧО-2018 ва даври финалии Чемпионати ҷаҳон-2019, ки соли оянда дар Лаҳистон баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд. Як дастаи иштирокчии дигар аз натиҷаи вохӯрии байни Арабистони Саудӣ бо Австралия, ки имрӯз баргузор мешавад, маълум хоҳад шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here