Русия барои бастани паёмрасони Telegram ва чанд паёмрасони дигар технологияи навро озмоиш мекунад. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо такя ба ҳуҷҷате иттилоъ медиҳад, ки нусхаашро дар ихтиёр дорад.

Озмоишро комисияе анҷом медиҳад, ки ба ҳайати он намояндагони ФСБ (Хадамоти федеролии амният), Роскомнадзор ва Вазорати алоқаи он кишвар шомиланд. Ба иттилои Reuters, озмоиши шеваи нави бастани сомонаҳо сар аз 6-уми август дар шаҳри Реутовои наздикии Москва сурат мегирад.

Пештар аз ин муовини вазири алоқаи Русия Алексей Волин эътироф кард, ки пурра бастани Telegram имкон надорад ва «бо ин воқеият бояд созиш кард».

Моҳи апрели соли 2018 суди ноҳияи Тагани Москва дархости Роскомнадзорро дар бораи бастани Telegram дар Русия қонеъ кард.

Шуруъ аз он замон ин паёмрасон расман баста шудааст. Ин боис гардид, ки фаъолияти бонкҳо, мағозаҳои онлайнӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар хизматрасониҳо халал ёбад, аммо Telegram дар Русия ҳамоно дастрас аст.   

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here