Имрӯз дар арафаи таҷлили ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолият президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баробари фаъолони ҷумҳурӣ, як гурӯҳ ходимони давлатӣ, намояндагони соҳаи илм, маориф ва фарҳанги Ӯзбекистони ҳамсояро бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон сарфароз гардонд.

Дар Фармон гуфта мешавад, ки ин нафарон барои давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар таҳкиму тавсеа ва густариши муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, робитаҳои фарҳангию башардӯстона, иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи самарабахши байни ду кишвар ба манфиати мардумони тоҷику ӯзбек саҳми босазо гузоштан, бо мукофотҳои давлатии   Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.

Абдулло  Орипов — сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Абдулазиз Комилов — вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Ордени “Исмоили Сомонӣ” дараҷаи II сарфароз шуданд.

Шавкат Ҳамроев — вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бо ордени “Шараф” дараҷаи I, Зокирҷон Алматов — мушовири вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Абдуваҳҳоб Воҳидов — раиси маркази фарҳанги миллии тоҷики вилояти Самарқанд, Исмоил Ҷурабеков — мушовири вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Тухтамиш Тухтаев — мудири шуъбаи рӯзномаи “Овози тоҷик” ва Таваккал Чориев — профессори кафедраи таҳсилоти ибтидоии Донишгоҳи давлатии Бухоро бо Ордени “Дӯстӣ” қадршиносӣ гардиданд.

Барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ Шералӣ Ҷураев — ҳофизи муассисаи давлатии “Узбекконсерт” ва Мавлуда Халилова — ходими калони илмии шуъбаи “Устод — шогирд мактабӣ»-и Маркази миллии ӯзбекии санъати мақоми Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо унвони фахрии “Ҳунарпешаи  халқии Тоҷикистон”сарфароз гардиданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here