Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 25 сентябри соли равон Шавкат Мирзиёев бо президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дидору гуфтугӯ кард. Ин мулоқот дар шаҳри назди марзии миёни ду кишвар-Сарияғочи вилояти Туркистони Қазоқистон баргузор гардид.

Шавкат Мирзиёев бо Нурсултон Назарбоев дар ин мулоқот дастовардҳо ва дурнамои равобити ҳамкориҳои стратегии миёни ду кишвар, масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ намуданд.

Тавре ки дар иттилои дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон   омадааст, ҷонибҳо ба идомаи ҳамоҳангии зич ва ҳамкории муассир дар сатҳи ҳукумати миёни ду кишвар таваққууф намуданд ва ҷиҳати бартараф кардани оқибатҳои пахшу паҳншавии глобалии сироят аз коронавирус табодули назар намуданд.

Дар мулоқоти мазкур қайд гардид, ки фароҳам овардани шароити мусоид барои афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила ва ба даст овардани параметрҳои мувофиқашудаи тиҷорат, мусоидат дар бахши татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, барқ, кишоварзӣ ва нақлиёт дар доираи харитаи қабулшудаи муштарак, пуштибонӣ аз ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва мубодилаи гуманитарӣ аҳамияти хосаро касб хоҳад кард.

Гуфта мешавад, Шавкат Мирзиёев ва Нурсултон Назарбоев масъалаҳои мусоидат барои ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созишномаҳоеро баррасӣ карданд, ки дар Ҷаласаи дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ моҳи ноябри соли гузашта дар Тошканд ҳосил шудаанд.

Онҳо ҳамчунин самтҳои асосии ҳамкориҳои мутақобилаи судманд дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here