Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Тошканд раиси Шӯрои олии оштии миллии Ҷумҳурии исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдуллоро ба ҳузур пазируфтааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Дастгоҳи раёсатиҷумҳурии Ӯзбекистон хабар дод.
Бино ба иттилои ин манбаъ, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дутарафаи миёни Ӯзбекистон ва Афғонистон, ҳамчунин, барқарор намудани амнияту субот дар ин ҳамсоякишвари Ӯзбекистонро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Ба таъкиди ҷаноби Мирзиёев дар солҳои охир муносиботи Ӯзбекистону Афғонистон дар соҳаҳои гуногун хеле рушду ривоҷ меёбанд.
— Ин ҳамкориҳои амалӣ тавсеа меёбанд, дар самтҳои савдо, иқтисодиёт, сармоягузорӣ, нақлиёт ва лоҷистика, барқ, таълим ва амсоли он низ пиёда кардани лоиҳаҳои устувор мадди назаранд ва дар ин ҷода саъй ва талоши зиёд ба харҷ дода мешаванд, — қайд кардааст Шавкат Мирзиёев.
Ӯзбекистон ибрози омодагӣ намудааст, ки барои амалӣ кардани лоиҳаҳои инфрасохтории дорои аҳамияти минтақавӣ фаъолона ширкат мекунад.
Раиси Шӯрои олии оштии миллии Ҷумҳурии исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло аз пазироии гарму ҷӯшони Шавкат Мирзиёев арзи сипос карда, афзудааст, ки саҳми Ӯзбекистон дар оғоз гардидани музокираҳои байниафғонӣ барои барқарории сулҳу субот хеле бузург мебошад.
Абдулло Абдулло хизматҳои ин кишварро дар муттаҳид намудани фаъолияти ҷомеаи байналмилалӣ дар роҳи барқарории вазъият дар Афғонистон низ хеле муҳим арзёбӣ кардааст.
Мувофиқи хабари дафтари матбуоти Дастгоҳи президенти Ӯзбекистон ин мақоми баландпояи Афғонистон ҳамчунин ба Шавкат Мирзиёев барои кумакҳои доимии кишвараш ба Афғонистон низ минатдорӣ баён кардааст. Доктор Абдулло боз қайд намудааст, ки Ӯзбекистон барои ба маҷрои савдо ва иқтисоди минтақавӣ ҷалб намудани Афғонистон саҳми бузург мегузорад.
Дар мулоқоти Тошканд Шавкат Мирзиёев ва Абдулло Абдулло перомуни масъалаҳои минтақавӣ ва тарафҳои сиёсати байналмилалӣ табодули назар кардаанд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд