Шатранҷбози 13-солаи тоҷик Сабрина Абророва дар мусобиқаи ҷаҳонии шатранҷ ҷои аввалро гирифт. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш паём додаанд.

— Мусобиқаи мазкур аз 1-ум то 5-уми июн дар шаҳри Ханти-Мансийскийи Русия доир гардид, ки дар он беҳтарин шатранҷ бозон аз 57 кишвари дунё ширкат варзиданд. Сабрина Абророва миёни 31 бозигар рақобат карда, ба гирифтани медали тилло шарафёб гардид ва ба ифтихораш Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқаи сатҳи баланди ҷаҳонӣ садо дод, — гуфтанд аз ин ниҳод.

Падари Сабрина — Рустам Аброров, ки худ ҳамчун мураббӣ дар Федератсияи шатранҷи мамлакат фаъолият дорад, дар суҳбат ба «Фараж» гуфт, духтараш зодаи шаҳри Душанбе аст ва дар МТМУ рақами 55-и ноҳияи Шоҳмансур, дар синфи 6-ум таҳсил мекунад.

— Сабрина аз 8-солагӣ ба шатранҷ шавқи зиёд дошт ва то 10-солагӣ худам, ҳамчун мураббӣ, ба Сабрина таълим додам. Баъдан барои бештар аз худ кардани санъат ва маҳорати шатранҷбозӣ ӯро ба шогирдии мураббии шинохтаи ҷумҳурӣ Зебо Улуғхоҷаева гузоштам. Ӯ панҷ сол боз ба шатранҷ машғул аст ва дар мусобиқаҳои зиёд қувваозмоӣ кардааст, — гуфт падари Сабрина.

Падар аз истеъдоди фитрии фарзандаш болида гуфт, борҳо бо духтараш дар хона бо ҷиддият шатранҷбозӣ кардааст, ки  Сабрина ҳамеша дастболо гаштааст.

Рустам Аброров мегӯяд, вақте соати 4-и субҳи имрӯз, 7-уми июн, Сабрина аз фурудгоҳи Душанбе берун омад, барояш хеле лаҳзаи гуворо ва ҳаяҷонангез буд. Падар аз он хушнуд аст, заҳматҳои чандсолааш барабас нарафтанд.

Ёдовар мешавем, Сабрина Абророва моҳи ноябри соли гузашта дар мусобиқоти осиёии шатранҷ миёни наврасон дар пойтахти Узбекистон, шаҳр  Тошканд, ширкат карда, сазовори ҷои дуюм гардида буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here