Иқдоми «Рушди ҳамкорӣ- 2019» аз Бонки Эсхата ба анҷом расид. Иқдоми мазкур ба муносибати 25-солагии фаъолияти БонкиЭсхата, махсусан барои гирандагони интиқоли пул, эълон гардида буд.

Иқдоми мазкур аз 3 давр иборат буда, дар ҳар давр мукофотҳои пулӣ дода мешуданд. Дар даври аввал ҳар як 6 нафари ғолибони ин давр 3000 сомониро ба даст оварданд. Дар даври дуюм ба 6 нафар ғолибони ин давра 5000-сомонигӣ дода шуд. Дар натиҷаи даври сеюм (ниҳоӣ) 6 нафар ғолибони хушбахт,ки 2-нафарӣ аз се минтақаи кишвар буданд, ҳар кадом соҳиби мукофоти пулӣ ба миқдори 25000 сомонӣ шуданд.

Иқдоми «Рушди ҳамкорӣ- 2019» аз 15-уми майи соли 2019 оғоз ёфт. Мизоҷоне, ки тавассути филиалҳои Бонки Эсхата тавассути интиқол аз корти худ маблағ гирифтаанд, иштирокчии иқдом шуда,рақами мушаххаси ID-и худро ба даст овардаанд.

Мукофотсупории ниҳоӣ дар Саридораи Бонки Эсхата баргузор гардид ва пас аз натиҷагирии онҳар як ғолиби иқдоми мазкур соҳиби 25000 сомонӣ гардиданд:

— Бобомурод Муқимов, мизоҷи филиали БонкиЭсхата дар ноҳияи Рӯдакӣ;

— Меҳринигор Қисматова, мизоҷи филиали Бонки Эсхата дар шаҳри Ҳисор;

— Шоҳид Бобоев, мизоҷи филиали  Бонки Эсхата дар шаҳри Исфара;

— Рухияхон Умурзоқова, мизоҷи филиали Бонки Эсхата дар ноҳияи Ашт;

— Баҳринисо Саидова, мизоҷи филиали Бонки Эсхата дар шаҳри Бохтар;

— Нафисамоҳ Муминова, мизоҷи филиали Бонки Эсхата дар ноҳияи Восеъ.

Бонки Эсхата ҳамаи ғолибони даврҳои мобайнӣ ва даври ниҳоии иқдоми“Рушди ҳамкорӣ- 2019”-ро табрик намуда, ба онҳо муваффақияти молиявӣ ва оромиро таманно намуда, барои ҳамкорӣ бо бонк ва иштироки фаъол ба ҳар як иштирокчии иқдоми мазкур миннатдорӣ худро баён менамояд.

Ҳамзамон, Бонки Эсхата барои муштариёни худхизматрасони муосир, аз қабили интиқоли пул ба корти бонкиро пешниҳод менамояд. Дорандагони кортҳои пластикии Бонки Эсхата метавонанд ба ҳисоби корти худ тавассути сайти www.eskhata.tj бо интихоби тугмачаи «Интиқоли қабул» ва тавассути IVR, ба рақами 44 600 69 96 занг зада, интиқол гиранд.

Инчунин, муштариёни Бонки Эсхата метавонанд интиқолро мустақиман бо корт тавассути барномаи “Сбербанк Онлайн”ирсол намоянд. Маълумоти бештар дар бораи ин хизматрасонӣ тавассути сомонаи зерин дастрас аст:http://www.eskhata.com/about/news/4365/.

Барои дорандагони “Корти Ягонаи Интиқол”-и Бонки Эсхата гирифтани маблағ хеле осон ва қулай шудааст. Мизоҷон дигар дар банкоматҳо интизори навбати худ нахоҳанд шуд. Онҳо акнун метавонанд, бо истифодаи корти худ дар мағозаҳо, нуқтаҳои савдо ва нуқтаҳои сӯзишворӣ пардохт намуда, маблағҳои худро низ аз банкоматҳо бе пардохти ҳаққи комиссия ба даст оранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here