Ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» шарти қатъ шудани лимити барқ дар ҷумҳуриро ба мардум пешниҳод кард. Ин ширкат дар муроҷиати ахири худ ба сокинони кишвар гуфт, ки бояд чӣ кор кунанд, то маҳдудияти барқ барқ пурра барҳам хурад.
Дар ин муроҷиатномаи ШСХК «Барқи тоҷик» аз оғози таҷдиду азнавсозии иншооти энергетикии амалкунандаи Норак, Қайроққум, Сарбанд ва Варзоб, сохтмони нерӯгоҳи хурди барқӣ (350- то ба нақша гирифта шудаанд) дар кишвар, ба фаъолият оғоз кардани маркази барқу гармидиҳии 2-и шаҳри Душанбе, хабар дода шуда, дар идома гуфта мешавад: «Соли гузашта мо аҳолии кишварро бо нерӯи барқ таъмин намуда, танҳо аз якуми ноябри соли 2016 то чордаҳуми январи соли ҷорӣ интиқоли нерӯи барқро маҳдуд карда будем. Лекин имсол ният дорем, ки бо истифода аз имконоти пайдошуда барои аҳолӣ маҳдудият ҷорӣ накунем ва мардуми шарифи кишварро тирамоҳу зимистони дарпешистода пурра бо барқ таъмин намоем. Дар баробари ин, ба сокинони кишвар муроҷиат карда, ба ҳамаи онҳо хотиррасон менамоем, ки дар бобати истифодаи нерӯи барқ сарфаю сариштакор бошанд ва ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд».