Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода аз камфаъол будани рӯзноманигорон дар ошкор сохтани камбудию норасоиҳо дар номгузории ташкилоту идораҳо интиқод кард ва гуфт, дар ин масъалаҳо кулли тоҷикистониён бояд бо кумита ҳамроҳ бошанд.

Номбурда дирӯз, 14-уми феврал дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, кумита ҳамагӣ 16 корманд дорад, ки пай дар пай ба ҳама камбудиҳои ҷойдошта расидагӣ хоҳанд кард. Шарофзода инчунин гуфт, танҳо дар сурати муроҷиати расмӣ ба масъалаи ивази номҳо дастбакор хоҳанд шуд.

— Мутаассифона, 3 сол шуд дар ҳамин ҷо аз ҷониби рӯзноманигорон муроҷиат мешавад ва аз ёд меравад. Ҳатто дар нишастҳои қаблӣ хоҳиш карда будам, ки занг занед ба кумита. Гӯед, ки номҳои вазорату идораҳо ба талаботи меъёри забони тоҷикӣ ҷавобгӯ нестанд! Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон аз уҳдаи вазифаҳояш баромада натавониста истодааст! Масалан, “Чақ-чақ”, дигаре “Панҷа парто” номгузорӣ шудани ду тарофае, ки аз ҷониби ширкати мобилӣ пешниҳод шуд, мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Яъне, муроҷиат буд, мо дар асоси он ба мақомоти қудратӣ муроҷиат кардем ва масъаларо дар доираи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ҳал кардем. Имрӯз, ки ин масъала ҳаст, тибқи нақшаи кории кумита зина ба зина ҳамаи ҳамин ҳолатҳо ҳалли худашро меёбад. Хоҳед, ки зудтар ҳал шавад, — гуфт Шарофзода.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here