Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо як изҳорот аз баргаштани Шарофиддин Гадоев ба Тоҷикистон хабар дод.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки Гадоев бо хости худаш, изҳори пушаймонӣ карда, ба ватан баргаштааст ва омода аст, ки ба кирдорҳои содиркардааш тибқи қонун ҷавоб гӯяд.

Дар изҳороти ВКД омадааст: «Имрӯз, 15 феврали соли 2019, соати 07:00, Гадоев Шарофиддин Мирзоалиевич, 19.05.1985 соли таваллудаш, зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, ки муваққатан дар шаҳри Эиндховени Шоҳигарии Ҳоланд зиндагонӣ мекард, ба ШВКД Фурудгоҳи ш. Душанбе ихтиёран ҳозир шуда, изҳор намуд, ки ман аз кирдорҳои кардаам самимона пушаймонам, ихтиёран бо хатсайри Москва-Душанбе ба Ватан баргаштам.

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кирдорҳои содиркардаи ман баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Инчунин изҳор намуд, ки дигарон нафароне, ки дар кофтуков қарор доранд низ баҳри ободии Ватан ихтиёран баргашта биёянд».

Гуфта мешавад, ки Гадоев Ш.М. аз соли 2012 бо моддаҳои 289  қисми 1 (қочоқ) ва 340 қисми 2 (сохтакорӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кофтуков қарор дошт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here