Душанбе, Тоҷикистон, 26 феврали соли 2020 – Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) барномаи дастгирии ҷомеаи шаҳрвандиро дар Осиёи Марказӣ расман оғоз намуд, ки онро Фонди Авруосиё амалӣ мегардонад (www.eurasia.org). Ташаббуси панҷсола, бо маблағи 18 миллион доллари амрикоӣ, бо мақсади рушди ҷомеаи фаъол ва масъули шаҳрвандӣ, тариқи дастгирии ҷавонони фаъол дар Осиёи Марказӣ, роҳандозӣ мешавад.
Дар маросими муаррифии барнома, беш аз 100 намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, васоити ахбори омма, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, байналмилалӣ ва намояндагони сохторҳои давлатӣ ширкат варзиданд. Кордори муваққатии Сафорати ИМА — Ҷон Гинкел, Вакил, намояндаи кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси Намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ҷамшед Муртазоқулов ва сардори шӯъбаи омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Хуршед Додихудоев назари хешро оид ба ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон иброз намуданд.
Барномаи дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ барои иштироки фаъолонаи ҷавонон дар масъалаҳои мубрами ҷомеа ва дарёфти роҳҳои ҳалли он мусоидат намуда, ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар рушди институтсионалӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои бардавому устувории молиявӣ, кӯмак хоҳад кард.
Дар доираи барнома “Академияи ҷавонони пешсафи Осиёи Марказӣ” таъсис дода шуда, дар он насли ҷавони минтақа аз синни 18 то 30 сола оид ба навгониҳои муосир барои беҳтар намудани сифати зиндагии ҷомеа ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд, омӯзиш хоҳанд гирифт. Ҳамзамон, барнома омӯзиши фаъолони ҷамъиятиро барои ба роҳ мондани гуфтушуниди муфид бо сохторҳои давлатӣ ва бунёди ташкилотҳои шаҳрвандии ҷавобгӯ ба ниёзҳои ҷомеа, роҳандозӣ мекунад.