Вазорати корҳои дохили қазияи даъвои ду донишҷӯ, ки боиси ба ҳалокат расидани яке ва ба ҷавобгарӣ кашидани дигаре шуд, шарҳ дод.
Гуфта мешавад, ки 8-уми октябр, тахминан соати 07:30, дар буриши кӯчаҳои Борбад ва Чортути ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ҳангоми ба донишгоҳ рафтан байни донишҷӯёни соли аввали таҳсили Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон — сокини кӯчаи М.Шерализодаи ноҳияи Сино Убайдулло Қурбонови 18-сола ва истиқоматкунандаи кӯчаи Ҳаёти Нави ҳамин ноҳия Дилмурод Фозилови 17-сола муноқиша сар мезанад. Номбурдагон якдигарро дар назди дигар рафиқонашон — донишҷӯён Донишгоҳи мазкур, сокинони кӯчаи М.Шерализодаи ноҳияи Сино Абдухолиқ Ғафурзода, Кабир Шарипов ва хонандаи соли 1-уми Литсейи касбӣ-техникии Тоҷикистон, истиқоматкунандаи кӯчаи Ҳаёти Нави ҳамин ноҳия Давлат Ғайбуллоев латукӯб мекунанд. Дар ҳамин ҳолат Убайдулло Қурбонов аз ҳиссиёти авбошӣ бо корд як маротиба ба узви ҳаётан муҳим, яъне қисмати дили донишҷӯ Дилмурод Фозилов мезанад. Дар натиҷаи бардоштани ҷароҳати вазнин Дилмурод Фозилов ба ҳалокат расида, гумонбар аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.
Кормандони милитсияи пойтахт зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ гумонбар дар ҷинояти одамкушӣ — шаҳрванд Қурбонов Убайдулло Бежановичро худи ҳамон рӯз аз ҳудуди ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дастгир кардаанд. Айни ҳол нисбат ба ӯ бо моддаҳои 237 (авбошӣ бо истифода аз силоҳи сард) ва 104 (одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбаршуда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Илова бар ин, дар ҷараёни тафтиши пешакӣ ҳолати даст доштан ва ё надоштани дигар рафиқонашон, ки зимни сар задани муноқиша дар ҷои ҳодиса қарор доштанд, муайян карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, далелҳои аввалини тафтишотӣ муайян кардаанд, ки ҳарду донишҷӯ мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №60-и ноҳияи Синоро соли равон хатм карда, хусумати даврони мактабӣ ва бетарафии дӯстону наздиконашон оқибат ба содир гардидани ҷинояти вазнини одамкушӣ оварда расонидааст.