Имрӯз соати 08:00 бо вақти Душанбе, дар назди қароргоҳҳои намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон, гурӯҳи  ҷабрдидагони кирдорҳои ғайриқонунии Бузургмеҳр Ёров зиёда аз 150 нафар шаҳрванд ҷамъ омада, аз намояндагони ин созмонҳо талаб карданд, ки маблағҳои зарари моддӣ ва маънавии расонидаи Ёровро ба онҳо барқарор кунанд.

Сабаби даст задани ҷабрдидагон ба тазоҳурот ба қавли худи онҳо ин натиҷаи таҳқиқи парвандаи Ёров аз ҷониби чор созмонҳои ҳуқуқӣ инсон FREEDOM NOW, LAWYERS FOR LAWYERS, HOGAN LOVELLS US LLP, DLA PIPER UK LLP ва пешниҳоди СММ ба Тоҷикистон дар бораи озод намудани адвокат аз маҳбас будааст.

Бояд қайд кард, ки Ёров бо ҷурми содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 189 қ 2 («Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ»), 247 қ 4 («Қаллобӣ»), 307 қ 2 («Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»), 307, иловаи 1 қ 2 («Даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ ва сафедкунии оммавии экстремизм»), 340 қ 2 («Сохтакорӣ»), 330 қ 1 («Таҳқири намояндаи ҳокимият»), 355 қ 2 («Беэҳтиромӣ нисбати суд»),- и Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 28 сол суд шудааст.

Яке аз тазоҳуртгарон-ҷабрдидаи кирдори Ёров сокини шаҳри Душанбе Ниёзова Аслия Ҳалимовна дар мавриди ин қазия чунин ибрози ақида намуд:

«Барои озод намудани фарзандам Раҷабов Тоҳир, ки барои даст доштан ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба миқдори 10 ба мӯҳлати 23 сол  суд шуда буд, 7 ҳазор 500 доллари маро  гирифта, ваъда дод, ки писарамро аз маҳбас озод менамояд. Аммо Бузургмеҳр маблағро ба фоидаи худаш сарф намуда, ба ман зарари махсусан калон расонид. Ин омил боиси он гашт, ки имрӯз ман бехона монда дар ҳар куҷо ба ҳайси иҷоранишин зиндагонӣ дорам».

Қодирқулова Раъно Ҳоҷиевна, сокини шаҳри Хуҷанд гуфтаҳои Ниёзоваро тасдиқ карда илова намуд, ки Бузурмеҳр Ёров барои аз ҷавобгарӣ озод намудани бародараш Насим 45 ҳазор доллари маро гирифта, ӯро фиреб додааст. Ба монанди ин нафарон ҳар яке аз шикояткунандагон қиссаи худро доштанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи ҷинояткорон дар зери ниқоби ҳифзи ҳукуқи инсон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба мисли СММ, Иттиҳоди Аврупо ва ғайра солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст.

Қазияи дигар аъзоёни ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзат тасдиқи ин гуфтаҳо аст.

Тазоҳургарон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир карда шуда, нисбати онҳо чораҳои дахлдор андешида шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here