Суди шаҳри Урали вилояти Қазоқистони Ғарбӣ 16-уми август Абдухалил Абдуҷабборовро, ки миёни мусулмонони Қазоқистон бо номи «шайх Халил» маъруф аст, ба 8 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.

Ин шаҳрванди 42-солаи Қазоқистон бар пояи банди «Барангехтани бадбинии миллӣ, қавмӣ, нажодӣ, иҷтимоӣ ё динӣ, ки оқибатҳои ногувор доранд» гунаҳкор дониста шудааст.

Ҷониби айбдоркунанда гуфтааст, Абдуҷабборов миёни сокинони вилоятҳои ғарбии Қазоқистон ақидаҳои тундгароии диниро паҳн кардааст, вале ӯ ин гуфтаҳоро рад карда, худро бегуноҳ хондааст. 

Вакили дифоъ ва наздикони маҳкумшуда аз шарҳи ҳукми додгоҳ худдорӣ кардаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here