Шоҳзода, миллиарддор ва бародарзодаи шоҳи Арабистони Саудӣ Ал-Валид бинни Талёл барои озод шудан аз зиндон зиёда аз 1 миллиард доллар пардохт кардааст.

Баъди ба озодӣ баромаданаш ин шайхи араб гуфтааст, ки умед дорад ҳамаи ҷурмҳоро алайҳи ӯ бекор мекунанд, зеро ӯ бо ҳукумат як тавофуқи якмиллиарда кардааст. Зимнан, ВАО хабар дода буданд, ки аз ин миллиардер барои озодиаш шаш баробар зиёд талаб крада буданд.

Намояндаи ҳукумат тасдиқ кардааст, Ал-Валид, ки роҳбарии ширкати «Kingdom Holding»-ро бар уҳда дорад, бо прокуратура тавофуқ кардааст.

Моҳи ноябри соли гузашта ин шайхи араб бо чанд тан аз миллиардорҳои дигари ин кишвар дар як боздошти дастаҷамъӣ, ки фасодкориро фош мекард, ба ҳабс гирифта шуда буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here