Шоми рӯзи 2-юми июни соли 2020 наздики 250 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба далели бата шудани марзҳо дар сарҳади давлатии Қазоқистон бо Ӯзбекистон монда буданд, ба ватан баргардонида шуданд. Интиқоли онҳо ба воситаи автобусҳои мусофиркаш тавассути қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон сурат гирифт.

Интиқоли шаҳрвандони кишвар бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, Консуили генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил карда шудааст. Дар ин кор, инчунин, мақомоти салоҳиятдори Қазоқистону Ӯзбекистон ва намояндагии Сомони байналмилалии муҳоҷират дар Осиёи Марказӣ кӯмаки бевосита расониданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here