Дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон, ки беш аз 48 ҳазор аҳолӣ дорад, ягон ҳавзи шиноварӣ мавҷуд нест. Ин ҳолат сокинони шаҳро нигарон кардааст, аммо шаҳрдорон зиёда аз як сол мешавад, ки ваъдаи сохтмони онро медиҳанд.

Имрӯз дар кохи фарҳанги шаҳри Леваакант нишасти матбуотӣ баргузор гашт. Дар масъалаи ҳавзи шиноварӣ хабарнигори “Фараж” ба раиси шаҳр Зарина Давлатзода суол пешниҳод кард. Дар посух раиси шаҳр гуфт, ҳоло дар шаҳри Левакант ягон ҳавзи шиноварӣ нест ва дар нақша доранд, бо саҳми соҳибкорон як ҳавз бунёд кунанд. Чунин посухро дар нишастҳои қаблӣ низ Давалтзода Зарина дода буд, аммо бо гузашти беш аз як сол то кунун ҳавзи шиноварӣ дар шаҳре, ки беш аз 48 ҳазор аҳолӣ дорад, бунёд нашудааст.

Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон Исозода Сулаймон чанде пеш дар як тамоси телефонӣ ба мо гуфта буд, ки омили асосии ғарқшавии сокинон ин кам ва ё набудани ҳавзҳои шиноварӣ аст.

— Барои бунёди ҳавзҳои шиноварӣ  мо ба номи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода мактуби расмӣ кардем, то дар ҳама шаҳру ноҳияҳо ҳавзҳои шиноварӣ бунёд шаванд ва сокинон камтар  дар ҷойҳои хафнок шиноварӣ кунанд, — гуфт ӯ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here