Дар шаш моҳи соли равон аз ҳисоби ошкорсозии қоидавайронкуниҳои “Шаҳри бехатар” ба буҷети кишвар наздики 10 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст.

Муовини сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода имрӯз дар нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, дар нимсолаи равон ронандагони вайронкунандаи қонуну қоида ба маблағи 9 миллиону 988 ҳазору 548 сомонӣ ҷарима пардохтаанд.

Шарифзода гуфт, дар ин давра аз ҳама бештар қоидаи ҳаракат дар роҳро ронандаи автомашинаи “Тайёта Кемрӣ”, рақами қайди давлатияш 45-41 НН 01 вайрон кардааст. Ному насаби ронандаи қонуншикан ошкор нашуд, аммо гуфта шуд ин ронанда 85 маротиба қоидаву қонунҳои ҳаракати роҳро вайрон карда, ба миқдори 10 491 сомонӣ ҷарима шудааст.

Гуфта шуд, дар ин давра бар асари 440 садамаи нақлиётӣ 151 нафар шаҳрванд ба ҳалокат расида, 516 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here