Рустами Эмомалӣ 3-юми декабр бо сафари расмӣ ба Тошканд омад. Шаҳрдори Душанберо ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхӯҷаев истиқбол гирифт.
Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҳузур пазируфта шуд.
Дар оғози ин мулоқот роҳбари давлати Ӯзбекистон бо мамнуният рушду ривоҷи муносибатҳои неку дӯстона ва ҳамсоягии солҳои охири байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро қайд намуд ва афзуд, ки ба туфайли иродаи сиёсии роҳбарони ду мамлакати дӯсту бародар ҳамкориҳои ду кишвар ба марҳалаи нав баромад.
Президент Шавкат Мирзиёев изҳор намуд, ки миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳамкориҳои стратегӣ ба роҳ монда шудаанд, ки беш аз пеш тавсеъа меёбанд.
Рустами Эмомалӣ ба Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои пазироии гарм ибрози минатдорӣ намуд ва паёму ниятҳои неки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба вай расонд.
Дар мулоқот байни пойтахтҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон тавсеъаи ҳамкориҳои манфиатбахш низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зинан дар ҷараёни ин гуфтушунид ба он таваҷҷӯҳ сурат гирифт, ки барои идора намудани шаҳр ва ривоҷи инфрасохторҳои он, бар асоси “харитаи роҳ” ба амал баровардани лоиҳаҳои кооператсионӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ роҳандозии мулоқотҳои мунтазам хеле манфиат хоҳад овард.
Дар мулоқоти шаҳрдориҳои Тошканду Душанбе масъалаҳои дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳангу гуманитарӣ баррасӣ гардид.
Байни шаҳри Тошканд ва Кумитаи иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе перомуни нақшаи чорабиниҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод ва фарҳангу башардӯстона як санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки барои солҳои 2010-2021 муқаррар шудааст.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд