Tcell шабакаи баландсуръати 4G-ро дар Истаравшан ба кор дароварда, шабакаи худро дар Деваштич беҳтар кард.

Ширкати Tcell васеъсозии фаъолияти шабакаро дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома медиҳад. Баъд аз Исфара ва Конибодом, муштариёни шаҳри Истаравшан, ки яке аз минтақаҳои истифодабарандаи фаъоли трафики Интернети мобилӣ ба ҳисоб мераванд, акнун метавонанд аз шабакаи LTE истифода баранд. Стандарти нави коммуникатсия босуръати 1800 МГс татбиқ гардидааст, ки барои бисёр дастгоҳҳои мобилӣ дастрас аст ва ҳадди аксари интиқоли маълумот то 45 Мбит/с мебошад. Баробари кор дар самти ба роҳ мондани шабакаи 4G, ширкат тавонмандии шабакаҳои мавҷудаи 2G ва 3G-ро афзоиш додааст.

Инчунин, дар Деваштич кор карди шабака гузаронида шуд, ки дар он қобилияти гузариши шабака барои интиқоли маълумот афзун гардид.

Tcell ҳамчун пешсаф дар густариши шабакаи 4, таҳияи ин стандартро дар тамоми минтақаҳои кишвар идома хоҳад дод.

Tcell бузургтарин ширкати телекоммуникатсионии Тоҷикистон мебошад, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи рушди иқтисодии Оғохон (AKFED) мебошад. AKFED  оҷонси байналмилалии рушд мебошад, ки ба пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ устувор нигаронида шудааст. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN – шабакаи оҷонсиҳои хусусии рушд мебошад, ки ҳадафи он беҳтар кардани имконот ва шароити зиндагии мардуми кишварҳои рӯ ба тараққӣ мебошад. Агентиҳои AKDN баҳри манфиати тамоми шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва мазҳабашон кор мекунанд. Ташкилоти Оғохон оид ба рушд AKDN ба саҳмгузорӣ дар рушдиТоҷикистони аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол, аз ҷиҳати сиёсӣ устувор, зеҳнии гуногунва фарҳангии таҳаммулпазир мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here