Як падар дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон бо сими барқ духтари худро буғӣ карда куштааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар дод.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 60-солаи сокини ноҳияи Шаҳритус бо гумони одамкушӣ дастгир карда шудааст. Номбурда, рӯзи 19-уми январи соли 2019, тахминан соати 13:45, дар саҳни ҳавлии истиқоматиаш бо духтараш, зани 30-сола, муноқиша кардаааст. Дар рафти даъво ӯ бо ноқили барқии дар дасташ буда, духтари худро буғӣ карда, ба ҳалокат расонидааст.
Аз тарафи прокуратураи ноҳияи Шаҳритус нисбати дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.