Маҷлиси умумии ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ҷамъиятии «Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Чумҳурии Тоҷикистон», ки тайи ду соли охир роҳбарияшро журналист Хуршеди Атовулло (Ниёзов) ба зимма дошт, субҳи имрӯз дар меҳмонхонаи “Шератон” ба кори худ оғоз кард.
Дар ҷаласа ҳисоботи раиси ТҶ “Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи ҶТ” Хуршедҷон Ниёзов шунида шуда, пешбарӣ ва тасдиқи аъзоёни нав ба ҳайати ҶТ “Шӯрои ВАО” ва интихоби Рраиси ТҶ “Шӯрои ВАО”-и Тоҷикистон баррасӣ гардид. Шаҳло Акобирова, ки роҳбари ташкилоти ҷамъияти “Хома” аст, раиси нави ТҶ “Шӯрои ВАО” интихоб шуд
ТҶ “Шӯрои ВАО”-и Тоҷикистон мақоми ҷамъиятӣ, мустақил, машваратӣ ва худтанзимкунандаи ВАО буда, соли 2009 ташкил гардидааст. Рисолати Шӯро қабул, баррасӣ ва натиҷагирӣ аз шикоятҳое аст, ки ба риояи одоби касбии журналистон тааллуқ доранд. Шӯро ҳуқуқи шарҳу тафсири расмии меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистонро дорад. Ҳар шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки қазия ба ӯ дахл дорад, ба Шӯро бо ариза муроҷиат карда метавонад. Инчунин, Шӯро метавонад бо ташаббуси худ барои баррасӣ масъала матраҳ кунад. Шӯро дар фаъолияти худ Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, конунҳои соҳавии ВАО, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, инчунин Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
Шӯро воситахои ахбори омма ва журналистонеро, ки Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистонро эътироф мекунанд, сарфи назар аз он ки дар ВАО-и ҳукуматӣ, хусусӣ, ҳизбӣ фаъолият доранд ё журналисти мустақил мебошанд, муттаҳид мекунад.
Шӯрои ВАО татбиқи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистиро таъмин намуда, маводро оид ба баҳс миёни ВАО ва ҷомеа, мақомоти ҳокимият, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шахсони воқеӣ, аз ҷумла моҷарои касбии миёни рузноманигорон, ки ба масъалаҳои одоби касбӣ дахл мекунад, баррасӣ мекунад.