Теъдоде аз сенаторҳои конгресси Америка, аз ҷумла Берни Сандерс, Кюрӣ Букер ва Ҷефф Мерклӣ дубора дархости истеъфои президенти ИМА Доналд Трампро ба далели иттиҳомоти ахири марбут ба фасоди ахлоқӣ матраҳ кардаанд.
Ин се сенатор пеш аз ин низ дархости канорагирии Трампро матраҳ карда буданд. Берни Сандерс дар як барнома гуфт, ки Трамп низ бояд иқдоми мушобеҳи сенатор Эл Франкенро анҷом дода, ба хотири иттиҳомоти фасоди ахлоқӣ истеъфо диҳад.
Букер низ дар як барнома гуфтааст: «Ахиран шоҳиди иқдоми баҷо ва шоистаи сенатор Эл Франкен дар канорагирӣ ба далели иттиҳомоти ахлоқӣ будем. Саволи ман инҷост, ки чаро Трамп ҳамин корро анҷом намедиҳад. Иттиҳомоте, ки алайҳи Трамп матраҳ аст, бисёр ҷиддитар аст ва дар қазияи ӯ нақши занони бештар дида мешавад».