Сенати ИМА президент Доналд Трампро дар ду мавриде, ки Палатаи намояндагон ба президент изҳори нобоварӣ карда буд, сафед кард. Кӯшиши барканор кардани Трамп бо сабаби ҷанҷол дар Украина ба нокомӣ анҷом шуд.

Сенат масъалаи ба суистифода аз қудрати даст задани Доналд Трамп ва монеъ шудани ӯ ба кори Конгресси ИМА-ро баррасӣ кард. Тибқи банди аввал 48 сенатор Трампро айбдор донистанд ва 52 аъзои палатаи болоии президентро сафед карданд; 47 сенатор ба ҷонибдории он овоз доданд, ки Трамп мутобиқи банди дуюм гунаҳкор дониста шудааст, 53 нафар зид баромаданд.

Ҳамин тариқ, Трамп сеюмин президенти ИМА шуд, ки Палатаи намояндагон эътимод накард, аммо Сенат ин айбҳоро рад кард. Қабл аз ин, Эндрю Ҷонсон ва Билл Клинтон низ айбдор карда шуданд. Дар натиҷаи импичмент ягон президенти ИМА барканор карда нашудааст. Ҷонсон ва Клинтон то ба охир расидани мӯуҳлат кор карданд. Ричард Никсон пеш аз эълони импичмент дар Палатаи намояндагон ихтиёран истеъфо дод.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here