17-уми январ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №54-и ноҳияи Сино семинари омӯзиши барои омӯзгорони забони русӣ баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории семинар баланд бардоштани сатҳи саводноки омӯзгорони забони рӯсӣ буда, омӯзгорони муассисаи мазкур бо баромадҳои таҳиянамудаи худ дар мавзӯъи технологияи муосир ва усулҳои наву муосири дарсдиҳӣ баромад намуданд.

Роҳбари методии омӯзгорон Ҷаннат Шакурова зикр намуд, ки омӯзгорони забони русӣ барои ҷалб намудани диққати хонандагон аз усулҳои нави технологӣ истифода намоянд, ин навъи таълим ба хонандагон имкон медиҳад, ки дарсҳои забони русиро хубтар аз худ кунанд.

— Яке аз технологияи муосир ин тахтаи электронӣ мебошад, ки бояд ҳар омӯзгор тарзи дурусти истифодабарии онро донад, зеро таълим ба воситаи тахтаи электронӣ хеле мувофиқ аст, — гуфт ӯ.

Нигора Саидбекова

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here