4-уми апрели соли равон дар маркази тренингии гуруҳи идоракунии лоиҳа, ки дар бинои Маркази миллии захиравии Тоҷикистон ҷойгир аст, семинари навбатии лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш”, ки аз тарафи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбиқ мешавад, баргузор гардид.

Семинари мазкур дар мавзуи “Методологияи таълим дар асоси салоҳият” буда, дар он омӯзгорон ва устоҳои дӯзандагии литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе иштирок карданд. Мақсади асосии семинар омӯзгоронро бо стандарҳои ҷаҳонӣ ва методологияии таълимии ҷаҳонӣ ошно намудан буд, ки менторони семинар тавонистанд ба ҳадафи худ ноил гарданд. Ба ҳайси ментор дар семинар номзади илмҳои педагогӣ М. Иноятова, Сангин Бобоев ва дигарон баромад карданд.

Лоиҳаи «Тақвияти  таҳсилоти  касбӣ-техникӣ  ва  омӯзиш» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд  дар  санаи 16 ноябри соли  2015 ба имзо  расида,  аз  ҷониби  парлумони  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  таҳти  №370  аз  9 марти  соли 2016  эътироф  карда шудааст.

Фаъолияти  Лоиҳа аз 14 апрели соли 2016 оғоз  гардида, анҷомёбии он 31 марти  соли 2021 дар назар дошта шудааст.

Татбиқи Лоиҳа Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Агентии иҷроия интихоб гардидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here