Рӯзҳои 22-23 апрели соли ҷорӣ дар маркази тренингии назди Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинг дар мавзӯи “Методологияи таълимот дар асоси салоҳият (ТАС)» барои омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолии кормандони Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар рафти тренинг иштирокчиён вобаста ба мақсад ва барномаҳои лоиҳа, шарикии соҳавӣ дар низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ-техникӣ ва омӯзиш, методологияи навовари таълим дар асоси салоҳият,  ҳамкории таълимгоҳҳо бо корфармоён, стандарти салоҳият, методикаи таҳияи стандарти салоҳият, таҳлили функсионалии касбҳо ва таҳияи харитаи функсионалӣ ва ғайра омӯзонда шуданд. Дар ҷараёни тренинг иштирокчиён дар мавзӯҳои “Сохтори стандарти салоҳияти ҳар як касби коргар”, “Таҳлили функсионалии касбҳо ва таҳияи харитаи функсионалӣ” ва “Методологияи таҳияи стандарти салоҳияти касб” корҳои гурӯҳӣ анчом доданд.

“Имрӯз мо набояд ба шумораи хатмкунандагон, балки ба дониши амиқ ва замонавии онҳо аҳамият диҳем. Корфармо аз хатмкунанда аввал дар кадом муассиса хондани ӯро пурсон намешавад, балки аз ӯ малакаи касбӣ, тавонмандӣ ва кор бо технологияҳои замони муосирро талаб менамояд”, қайд кард Бобохонов А., роҳбари гурӯҳи мушовирони лоиҳа (аз ширкатҳои машваратии ГОПА/КАЙКо).

Бояд қайд кард, моҳи апрел ва майи соли 2019 омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолии Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе, Литсейи касбии дўзандагии шаҳри Душанбе, Литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе ва Литсейи касбии техникии хизмат ва туризми шаҳри Душанбе аз чунин тренингҳои омӯзишӣ хоҳанд гузашт.

Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» дар асоси созишномаҳо байни Ҷумҳури Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон аз соли 2016 амалӣ мешавад.

Ҳадафи асосии Лоиҳа барои мусоидат дар мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ-техникӣ, методӣ ва барқарорсозии инфрасохторҳои марказҳои таълими калонсолон ва литсейҳои касбии техникии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин васила омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат равона гардида аст. Амалигардонии Лоиҳа ба дӯши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шуда дар назди вазорат Гурӯҳи идоракунии Лоиҳа фаъолият дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here