Чанде қабл дар осоишгоҳи “Явроз”–и ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдат бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Семинари мазкур ба ташаккули андешаи ҷамъиятӣ дар бораи ислоҳоти полис дар заминаи ташкили ҳамкории байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва воситаҳои ахбори омма равона гардида буд.
Мураббиёни семинари омӯзиши Александр Шиханов ва Шаҳло Акобирова бо барномаҳои таҳиякардаи худ баромад карданд.
Шаҳло Акобирова гуфт, ки мақсад аз баргузории ин семинари омӯзишӣ пеш аз ҳама ҳамкори судманд байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва воситаҳои ахбори омма мебошад. Ӯ ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуҳуҳ муроҷиат карда изҳор дошт, ки бояд бо намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳамкории зич дошта бошанд, аз додани иттилоъ худдорӣ накарда, сари вақт ба дархостҳои рӯзноманигорон ҷавоб гардонанд ва бигзор маълумотро рӯзноманигорон аввалтар аз ҳама аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба даст оранд.
Нигора Саидбекова