Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, семенари омӯзишӣ барои кормандони милитсия ва рӯзноманигорон идома дорад. Семенари мазкур, дар доираи барномаи ислоҳоти милитсия бо шиори “Милитсия — ин халқ ва халқ — ин милитсия”, ки аз соли 2014 то соли 2020 гузаронида машавад,  доир гардид.

Генерал майор Шодмонзода Фарод аз намояндагии ВКД ҶТ ва ҳамоҳангсози барномаи ислоҳоти милитсия, Александр Шихонов коршинос аз Федератсияи Руссия, Шаҳло Акобирова рӯзноманигор ва роҳбари Шӯрои васоити ахбори омма ба иштирокдорони семенар оид ба татбиқи барномаи ислоҳоти милитсия ва ҳамкории ВАО бо милитсия сухан намуда, сӯҳбату машварат ва фикру мулоҳизаҳои хешро баён медоранд.

Дар семенари мазкур, кормандони ШВКД-и чанд шаҳру ноҳия ва рӯзноманигорони расонаҳои гуногуни кишвар иштирок доранд.

Гуфта шуд, ки амалигардонии барномаи мазкур ба зимаи ВКД ҶТ буда, аз тарафи  дафтари САҲА дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

Хуршед Фозилов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here