Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Душанбе Плаза” семинари миёнамӯҳлат аз рафти амалишавии лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш” (ТТКТО) баргузор гардид. Ҳадафи семинар шарҳи рафти амалигардонии лоиҳаи ТТКТО дар давраи татбиқ ва муаррифии лоиҳаи нави “Барномаи рушди бахши малакаҳои касбӣ ва рақобатпазирӣ” мебошад. Оғози лоиҳаи ТТКТО рӯйдоди муҳим дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ буда, дар заминаи созишномаҳои Грантӣ ва Қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд (БОР) амалӣ карда мешавад.

Пас аз бақайдгирии иштирокчиён семинарро муовини якуми Вазири Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Эмин Сангинзода кушода эълон намуд ва сухани ифтитоҳӣ ба Вазири Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Тағойзода Сумангул дода шуд. Тағойзода ҳозиринро бо ҷашни дар пеш истодаи миллӣ ва байналмилалии Наврӯз табрик кард ва аз ҳамкорӣ бо БОР изҳори хушнудӣ намуд. Инчунин, Тағойзода изҳори ақида кард, ки натиҷаҳои ҳамкорӣ бо БОР хеле назаррас буда, то имрӯз қисми зиёди литсейҳои касбӣ-техникӣ ва хобгоҳҳо барои донишҷӯён таъмир гардида, дар оянда низ ин амал идома хоҳад ёфт. Ба гуфтаи эшон тармиму азнавсозии хобгоҳу литсейҳо ва муҳайё намудани шароити хуби касбомӯзӣ барои донишҷӯён ба зиёд шудани довталабон мусоидат намуда, барои ҷавобгӯ будан ба талаботи бозори меҳнат замимаи хубе хоҳад буд.

Сипас, намояндаи доимии БОР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Прадип Сривастава суханронӣ намуда, тибқи нақшаи семинар менеҷери лоиҳа Тӯраев Достон рафти амалигардонӣ ва дастовардҳои лоиҳаи ТТКТО, яъне нимаи аввали татбиқи лоиҳаи мазкурро ба ҳозирин ироа намуд. Пас аз шунидани ҳисоботи менеҷери лоиҳа Эйко К.Изава роҳбари лоиҳа, сардори шӯъбаи идоракунии лоиҳаҳои департаменти бахши иҷтимоии дафтари БОР ва Адолф М.Николос таҳлилгари идоракунии натиҷаҳои шӯъбаи стратегияҳо, сиёсат ва таҳлили дафтари БОР суханронӣ намуда, қаноатмандии худро аз натиҷаи нимаи аввали кори лоиҳа изҳор доштанд. Инчунин, Эйко К.Изава ва мушовирони Кӯмаки техникӣ Йорген Биллетофт ва Бобохонов Абдулмаҷид лоиҳаи нави “Барномаи рушди бахши малакаҳо ва рақобатпазирӣ”-ро муаррифӣ намуданд.

Ҳадафи лоиҳаи ТТКТО навкунии заминаи моддӣ ва таълимӣ буда, амалишавии он дар 29 муассисаи интихобшуда (21 литсей, 5 филиали маркази таълимии калонсолон, 2 маркази касбомӯзӣ ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён) аз рӯи 17 ихтисос ба нақша гирифта шудааст. Инчунин, лоиҳа барқарорсозии хобгоҳҳоро пешбинӣ намудааст, ки барои дастрасии низоми ТТКТО барои занону духтарони ноҳияҳои дурдаст имкон медиҳад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки созишномаҳои Грантӣ ва Қарзӣ оид ба маблағгузории лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш” байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд 16 ноябри соли 2015 ба имзо расида, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 марти соли 2016 таҳти №370 ва №371 тасдиқ шудааст. Мӯҳлати татбиқи лоиҳа 5 солро ташкил дода, анҷоми он 31 марти соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.

Добавить комментарий