Шоми 21-уми марти соли равон дар деҳаи Ҳалқаҷари ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросон дар пайи боришоти зиёди борон сел фаромада, дар натиҷа як нафар сокини 59-сола ба ҳалокат расида, хонаҳои мардум пур аз лойю обу роҳҳои мошингарду пулҳо хароб шуданд.

Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон Сулаймон Исозода дар суҳбат ба хабарнигори “Фараж” гуфт, ки шоми 21-уми март дар ноҳияи Хуросон сел омад ва дар ин ҳодиса як нафар сокини 59-сола ба ҳалокат расид.

-Мирзоқул Раҳмонқулови 59-сола, ҳангоми кор дар  саҳро, зери сел монда ҷон додааст.  Дигар сокинон осеб надидаанд.  Баъзе овозаҳое ҳаст, ки ду нафар кӯдаки дигар ҳангоми омадани сел гум шудаанд, асос вақеӣ надорад, – илова кард ӯ.

Кормандони ситоди вилоят, ноҳия ва дигар масъулон дар ҷойи ҳодиса қарор доранду ба мардум ёрӣ мерсонанд. Зарари ин ҳодисаи табииро комиссияи ноҳиявӣ, ки фаъолият дорад, муайян мекунад, – қайд кард Сулаймон Исозода.

Раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода  Раҳматулло дар суҳбати телефонӣ ба хабарнигори “Фараж” гуфт, ки барои ёрии мардум, ки дар офати табии шоми 21 март зарар диданд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми тадбирҳо андешида шуда, техникаҳо барои тоза крадани роҳои мошингард, хонаҳои сокинон кор мекунанд. Ҳамчунин, барои онҳо маводи ғизоӣ низ кумак карда шудааст.

– Ин офати табиӣ аст, ки дар 18 дақиқа кори худро кард, – илова кард раиси ноҳия ва афзуд, ки  дар ҳодисаи табии рухдода дар деҳаи Ҳалқаҷари ҷамоати деҳоти Айнии   ноҳияи Хуросон бештар роҳҳои мошингарди деҳаи Гулистон, Ҳилолӣ, ки дар сарҳади ҷамаоти деҳоти Айни мебошанд, вайрону валангор гаштаанд.

Тибқи маълумоти расида аз ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон  соли 2019-ум дар ҳудуди вилоят 619 ҳолати фавқулодаи дорои хусусиятҳои гуногундошта ба қайд гирифта шуда буд, ки дар натиҷаи онҳо  137 нафар шаҳрванд ба ҳалокат расида, 343 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта буданд.  Маблағи умумии зарар 15 миллиону 395  ҳазору 991 сомониро ташкил медод. Соли гузашта ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ дошта 6 ҳолат  ба қайд гирифта шуд, ки маблағи умумии зарар 13 миллиону 39 ҳазору 823 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин ҳодисаҳо 2 нафар (дар ноҳияҳои Панҷ ва Хуросон) вафот карда буданд.

Сулаймон Исозода дар нишасти хабариаш, ки 6-феврали соли 2020 баргузор гашта буд, иттилоъ дода буд, ки  дар ҳудуди вилояти Хатлон 401 мавзеи хавфнок ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 45 адад минтақаи ниҳоят хавфнок ва 356 адад хавфнок ба ҳисоб мераванд. Дар ин мавзеъҳо  45021 хоҷагӣ бо 331 530 нафар аҳолӣ фаъолият ва зиндагӣ менамоянд. Ба ин мавзеъҳо асосан таҳдиди офатҳои табии сел, ярч, лағжиши замин, обхезӣ, эрозияшавии замин ва баландшавии оби канал ба қайд гирифта шудааст.

Добавить комментарий