Имрӯз дар маҷлиси Ҳукумат таҳти раёсати Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор мансабдорони давлатӣ барои беэътиноӣ зоҳир кардан ба вазифаҳои ишғолкардаашон аз кори роҳбарӣ озод карда шуданд.

Дар ин ҷаласа, ки дар баробари баррасӣ шудани масъалаҳо «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2022», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи барномаи корҳои оморӣ барои соли 2018 ва Дар бораи Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» аз воридоти маҳсулоти хуроквории пастсифату ба саломатии мардум зараровар изҳори нигаронӣ карда шуд.

Ҳамин тавр, бинобар беэътиноӣ зоҳир кардан ба вазифаҳои ишғолкарда ва беназоратӣ нисбат ба воридоти маҳсулоти пастсифати хӯрокворӣ, аз қабили гӯшти мурғ бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Ибодулло Карим, роҳбарони Хадамоти назорати байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазиров Шералӣ Сафаралиевич ва Хадамоти назорати давлатии санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Холмуҳаммад Карим аз вазифа озод карда шуданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here