Аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Ваҳдат ҷавони 23-солаи сокини ҳамин шаҳр, дар қасдан расонидани зарар ба саломатӣ гумонбар дониста шуда, дастгир карда гардидааст.

Маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ки ин ҷавон 4-уми октябри соли 2020, тахминан соати 22:00, ҳангоми дар кӯчаи Т.Собири шаҳри Ваҳдат қарор доштанаш, бо марди 41-солаи сокини кӯчаи мазкур даъвою муноқиша карда, бо корд 3 маротиба ба қисмати шиками ӯ задааст.

Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here