Бино ба гузориши “Reuters” мудири минтақаии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар Аврупо Сузанна Ҷакаб рӯзи сешанбе изҳор кард, дар соли 2016 ҳудуди 160 ҳазор мавриди мубтало ба синдроми бемории норасоии маснуият (СБНМ — СПИД) аз 53 кишвари аврупоӣ дар бахши СҶТ-и марбути ин қора ба сабт расидааст.
Ҷакаб ҳушдор додааст, агар раванди афзоиши гирифторӣ ба СБНМ дар Аврупо, махсусан дар Аврупои Шарқӣ бо ҳамин суръат пеш равад, Аврупо қодир ба пешгирии он то соли 2030 нахоҳад буд. Мудири минтақаии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо бо ибрози нигаронӣ аз ин омор афзудааст, бисёре аз беморон солҳо қабл аз ташхиси олудагӣ паҳкунандаи СБНМ будаанд ва ин амр назорати вирусро ба маротиб душвор месозад, зеро мумкин аст, вирус ба афроди дигар гузашта бошад.
Синдроми бемории норасоии маснуият навъи беморие аст, ки дар дастгоҳи эминии бадан ва аз тариқи вируси нуқси эминӣ эҷод мешавад. Ҳудуди 37 миллион нафар дар саросари ҷаҳон олуда ба ин маризӣ аст, ки аксари онон дар кишварҳои фақири африқоӣ зиндагӣ мекунанд.