Дар ҳамоиши  «Фарогирии ҷаҳонии тандурустӣ» ва  Саммити иқлим намояндагони беш аз 190 кишвари дунё ба ҳам омаданд, ки дар аз Тоҷикистон сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ширкат ва суханронӣ кард.

Ҳамоиши «Фарогирии ҷаҳонии тандурустӣ» ва  Саммити иқлим рӯзи гузашта дар Ню-Йорки ИМА дар ҳошияи Иҷлосияи 74-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гадид. Дар Иҷлосияи 74-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар мулоқоту музокирот ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода роҳбарӣ мекунад.

Дар баробари намояндагони дигар кишварҳои ҷаҳон ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҳамоишу саммити мазкур баромад карда, аз ташаббусҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳифзи солимии ҷомеа ва иқлим, аз ҷумла об ва ҳифзи муҳити зист ёдовар гардид.

Гуфта шуд, ки дар доираи сиёсати муваффақонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди чоруми Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазирифта шуд, ки ин Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here