Прокуратураи генералии Ӯзбекистон дар бораи садамае бо иштироки сарвазири ин кишвар хабар медиҳад. Абдулло Орипов, сарвазири Ӯзбекистон дар садама «ҷароҳати сабук бардоштааст», — омадааст дар хабар.
Рӯзи 20-уми август дар километри 92-уми роҳи мошингарди “Қарасӯ-Бука-Бекобод” мошини навъи «Damas» бо мошини «Mercedes-Benz»-и сарвазир бархӯрд намудааст, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳати сабук ва муовинаш Алишер Султонов чанд ҷароҳат бардошта, устухонҳояш шикастааст.
Ба ҷуз ин, масъули дастгоҳи президент У. Қурбонов, ва ронандаи мошин Р. Толипов маҷруҳ шудаанд.
“Ронандаи мошини Damas ва мусофиронаш ҳам маҷруҳ ва дар бемористон бистарӣ шуданд”, — хабар додааст прокуратура.