Суди олии Исломобод нахуствазири собиқи Покистон Навоз Шарифро ба ҷурми пулшуӣ ба 7 сол зиндон ва пардохти ҷаримаи нақдӣ маҳкум кард.

Навоз Шариф илова бар таҳаммули зиндон, бояд 25 миллион доллар ҷаримаи нақдӣ пардохт кунад, ҳукм баровардааст судяи Суди олии Исломобод Аршад Малик. 

Навоз Шариф ин айбҳоро қабул накардааст ва гуфтааст, ки хидматҳои зиёде барои мардуми Покистон анҷом додааст, бинобар ин тарсе аз зиндон надорад.

Ӯ ҳамчунин дархост кардааст, ки ба ҷои зиндони Адёла, ки маҳалли нигаҳдории террористҳои хатарнок ва аз тарсноктарин зиндонҳои артиши Покистон аст, дар Лоҳур зиндонӣ шавад.

Суди махсуси мубориза бо фасод Марям Навоз, духтари Навоз Шарифро ба 7 сол ва капитан Навид, домоди вайро ба як сол зиндон маҳкум кардааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here