Дирӯз Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, сарояндаи маъруф Ҷамшед Исмоилов бар асари беморӣ дар синни 64-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

Ҷамшед Исмоилов, ки дар гузашта муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буду  чанд сол директори генералии Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодӣ ва консертӣ низ буд, бар асари бемории диабети қанд ҷон супурдааст. Чанд рӯзи охир ӯ дар бемористони “Истиқлол”-и Душанбе бистарӣ шуда буд ва дирӯз, тақрибан соати 10-и субҳ, аз олам даргузашт. Худи ҳамон шом Ҷамшед Исмоилов дар қабристони Лучоб ба хок супорида шуд.

Ҷамшед Исмоилов 30-юми августи соли 1956 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст.  Пас аз хатми мактаби миёна, соли 1973 ба Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода дар шаҳри Душанбе дохил шудааст.

Исмоилов ҳамчунин  соҳиби маълумоти дуюм — филолог буд, ки ин ихтисосро дар ДОТ гирифтааст.

Ӯ дар кумитаҳои комсомолии шаҳрҳои Кӯлоб ва Душанбе кор кардааст.  Дар оғози солҳои 90-ум муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон буд.

Ҷамшел Исмоилов аз худ сурудҳои ҷовидона ба мерос мондааст. Яке аз аввалин сурудҳое, ки ба ӯ дар ҷавонӣ шӯҳрат бахшид, суруди «Аз зери чодарат» буд. Ин суруд то ҳол дар байни сокинони Тоҷикистон маъруф мебошад. Суруди дигари машҳури ӯ «Модари ман» аст, ки дар YouTube тақрибан як миллион тамошобин пайдо кардааст. Суруди дигари ӯ, ки низ маъруф аст, ба дастаи машҳури футболи «Помир» бахшида шудааст ва он як навъ гимни мухлисони футболи кишвар ҳам буд.

Марҳум оиладор ва  соҳиби чор фарзанд буд.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз марги ногаҳонии сарояндаи маъруф Ҷамшед Исмоилов андуҳгин буда, ин талафотро ба мухлисон ва наздикону пайвандони ӯ таслият мегӯяд. Равонаш шод ва хонаи охираташ обод бод!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here