Чанд шабонарӯзи охир, яъне аз 5-уми декабр то 7-уми декабр, аксарияти банкоматҳои маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар пул надоштанд, ки ин мардумро саргардон кардаст.

Ҳанифа, Мансур, Сулаймон ва даҳо нафари дигар аз сокинони маркази  вилояти Хатлон зимни суҳбат гуфтанд, ки аз рӯзи ҷумъа то рӯзи душанбе, яъне 7-уми декабр, банкоматҳои “Амонатбонк” маблағ надоштанд. Танҳо рӯзи сешанбе масъулони “Амонатбонк” дар ду-се банкомат пул гузоштанду халос.

Як масъули филиали №43 БДА ҶТ “Амонатбонк” дар шаҳри Бохтар низ тасдиқ кард, ки аз сабаби набудани пули нақд аз рузи 5-уми декабри соли ҷорӣ  9  банкомати ин бонк маблағ надошт.

— Танҳо бегоҳи 7 декабр  барои мо як миллион сомонӣ маблағ доданд, ки ин пулро танҳо дар се бонкомати назди филил гузаронидем. Ҳоло 6 банкомати дигари филиали №43 БДА ҶТ “Амонатбонк” дар шаҳри Бохтар пул надоранд. Ҳарчанд мо дархост кардем, аммо бо кадом сабаб маблағро саривақт пардохт намекунанд, намедонем, — илова кард ин масъули бонки мазкур.

Муовини сардори филиали минтақавии БДА “Амонатбонк” №42 дар шаҳри Бохтар Гулмаҳмад Тағоев гуфт, ки дар маркази маъмурии вилояти Хатлон ҳамагӣ 13 бонкомат фаъолият доранд, ки аз инҳо 2 ададаш таъмирталаб мебошанд.

— Айни замон 50 дарсади бонкоматҳо маблағ доранд ва то бегоҳ ҳамагӣ бо пул таъмин хоҳанд шуд, — илова кард ин шахси масъул ва, аммо, бо пули нақд сари вақт таъмин нашудани банкоматҳоро шарҳ надод.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here