Дар муддати чаҳор шабонарӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар — 400 ҳазор киловатт/соат неруи барқ сарфа карда шуд.
“Баъди дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 15 декабри соли ҷорӣ, ки зимни машварати корӣ пешниҳод гардиданд, дар шаҳри Бохтар таҳти роҳбарии раиси кумитаи рушди маҳалӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар, раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин, кормандони шабакаҳои барқи шаҳр ва дигар масъулони ташкилоту идораҳои шаҳрӣ 8 гурӯҳи корӣ, ки беш аз 400 нафаранд, ташкил карда шуд”, — гуфт муовини сардори фуруши шабакаҳои барқи шаҳри Бохтар Аҳлиддин Шарифзода.
Ин шахси масъул афзуд, ки гуруҳои корӣ миёни аҳолӣ, корхонаву ташкилот, бозорҳо, дукону мағозаҳо ва дигар муштариёни барқ дар бораи сарфакорона истифода кардани қувваи барқ маслиҳатҳои муфид дода, аз онҳо даъват карданд, ки бе зарурат барқро истифода набаранд.
— Дар мудати чаҳор шабонарузи ташкил шудани ин гуруҳи корӣ дар шаҳри Бохтар 400 ҳазор килават соат неруи барқ сарфа карда шуд, ки ин натиҷаи хуб аст, — илова кард А.Шарифзода.
Гуфта шуд, ки муштариён дарк карданд, ки сарфаи қувваи барқ ҳам ба манфиати худ ва ҳам барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ муҳим аст.