Муовини якуми раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Ёқуб мегӯяд, ки дар иншооти сохташудаи Бохтар 543 млн 700 ҳазор сомонӣ ба ҳисоб гирифта шуда, дар маҷмуъ 20 ҳазор иншоот ба инобат гирифта шудааст.
— Гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии гулҳо — “Сайри гули лола” барои тарбияи эстетикии шаҳрвандон ва ҷалби сайёҳон нақши муҳим мебозад. Сармоягузории озмуни мазкур аз ҷониби соҳибкорон ба роҳ монда шудааст. Ман худ барои гузаронидани чунин озмун, ки табиати ватанамон зинда мешавад, ҷонибдор ҳастам”- афзуд ӯ.
Ҳамзамон, дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод ва Лахш озмуни мазкурро дар ҷашни Ваҳдати миллӣ баргузор гардида, ғолибон мукофотонида шудаанд.
Тибқи маълумоти дастрасшуда, бо сабабҳои номусоидии вазъи боду ҳаво, боришоти барфи зиёд, шинонидани гулҳои мавсимӣ дар қисмати ноҳияҳои куҳии вилояти Суғд, аз ҷумла Панҷакент ва ноҳияҳои Куҳистони Мастчоҳ, Деваштич ва Шаҳристон, вилояти Хатлон, Баҷувон, Ш. Шоҳин, Муъминнобод, Темурмалик ва Ховалинг, ноҳияи Лахш шуруъ нагардиданд.
Бояд гуфт, ки ба мақомоти маҳаллӣ ҷиҳати ба нақша гирифтани гузаронидани Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо — ”Сайри гули лола” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб аз 13-уми марти соли 2019 ирсол гардидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here