Cардори пешини ШВКД дар шаҳри Панҷакент Давлатзода Раҳмон Қобил дирӯз аз вазифааш озод ва ба вазифаи муовини сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон таъйин гардидааст.

Кормандони ШВКД-и шаҳри Панҷакент бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки пас аз 4,5 соли роҳбарӣ дар мақоми сардори милитсияи шаҳри Панҷакет, Раҳмон Давлатзода ба вазифаи баландтар таъйин гардид.

Давлатзода Раҳмон то ба вазифаи сардори милитсияи шаҳри Панҷакент расиданаш, дар мақоми сардори Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон фаъолият дошт ва тобистони соли 2013 аз ин мақом барканор ва сардори милитсияи Панҷакент таъйин гардида буд.

Сокинони шаҳри Панҷакент мегӯянд, Давлатзода дар қиёс ба дигар сардорони пешини ШВКД хоксортару ба мардум наздик буд. Ҳатто ӯро дар кӯчаҳои шаҳр пиёда медиданд, ки тартиботро худаш ҷорӣ мекард.

Борҳо барои тоза кардани шаҳр бо ибтикори хеш ва ҷалби кормандонаш тариқи ҳашар ташаббус нишон дода буд.

Хуршед Фозилов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here